Инструкция по эксплуатации АТЛАНТ СМА 50У89 приложение

Страница 25

Advertising
background image

25

ROM

TGK

Информация для предварительного ознакомления. Официальной информацией изготовителя не является

Ҷомашӯии зидди аллергия

(AntiAllergy) барои шуста-

ни либосҳои бачагона, чизҳо, ки онҳо ба одамони ба воситаҳои

ҷомашӯӣ алларгия дошта тааллуқ доранд, ё ки барои шустан

дар оби хеле нарм, ки дар он воситаи ҷомашӯӣ ба таври зарурӣ

тоза намешавад, пешбинӣ шудааст.

Ҳангоми дохил кардани вазифа ба барномаи ҷомашӯӣ боз

як маротиба чайқондан илова карда мешавад.

Ҳимоя аз бачаҳо дар вақти тасодуфан аз тарафи бачаҳо

тағйир дода шудани барномаи интихобшуда пешбинӣ шуда-

аст. Барои фаъол кардани вазифа дар як вақт тугмаҳои

ва

— ро пахш кард, тамоми тугмаҳои панели идора блокони-

да мешаванд. Дубора пахш кардани тугмаҳои

ва

вази-

фаро қатъ мекунад.

1.2 ИНДИКАТОРҲОИ РАВШАНКУНАНДА

1.2.1 Дар ҷойҳои индикатсияи кори мошин мутобиқи рас-

ми 3 индикаторҳои равшанкунанда пешбинӣ шудааст.

Индикаторҳои амалиёти ҷомашӯӣ:

– ҷомашӯӣ,

– чайқондан,

– фишурдан ва рехтани об.

Индикаторҳои амалиёти ҷомашӯӣ дар вақти кор кардани мо-

шин аз рӯи барномаи интихобшуда бо навбат равшан мешаванд.

Индикаторҳои вазифаҳои иловагӣ, аз ҷумла индикато-

ри ҳимоя аз бачагон , ҳангоми интихоби тугмаи вазифаи

иловагӣ (нигоҳ кунед 1.1.2) равшан мешавад.

1.3 ФАЪОЛ/ХОМӮШ КАРДАНИ ИШОРАИ САДОӢ

1.3.1 Дар мошин ишораи садоӣ пешбинӣ шудааст. Ишораи

садоӣ ба оғоз ва анҷоми кори мошин ҳамроҳӣ мекунад, ҳамчунин

дар вақти додани вазифаҳои мувофиқ набуда пайдо мешавад,

яъне ҳангоми тасодифан пахш кардани тугмаҳо дар вақти кор

кардани мошин, ҳамчунин дар вақти носозии он.

Барои фаъол кардани ишораи садоӣ (ба ғайр аз ишораҳое, ки

дар бораи носозиҳо хабар медиҳанд) бояд дар як вақт тугмаҳои

ва

-ро пахш кард. Дубора пахш кардани тугмаҳои ва

ишораи садоиро хомӯш мекунад.

1.4 ФАЪОЛ КАРДАНИ МОШИН ВА ИНТИХОБИ БАРНОМА

1.4.1 Барои фаъол кардани мошин мутобиқи расми 2 даста-

кро ба тақсимоти барномаи ҷомашӯӣ гузошт. Дар ҷои индикат-

сияи кори мошин инҳо равшан мешаванд: индикатори амалиёти

ҷомашӯии барномаи интихобшуда, индикатори нишондиҳандаи

ҳарорати ҷомашӯӣ ва суръати фишурдан.

Ҳангоми интихоби барнома мутобиқи ҷадвали 1

нишондиҳандаҳои асосии ҷомашӯӣ ба таври автоматикӣ пайдо

мешаванд (суръати фишурдан, ҳарорати ҷомашӯӣ ва ғайра), ки

аз тарафи истеҳсолкунанда гузошта шудааст.

1.4.2 Интихоби барнома танҳо то оғози ҷомашӯӣ ба амал ба-

роварда мешавад. Гузоштани дастак ба тақсимоти барномаи нав

дар вақти кор кардани мошин (бе хомӯш кардани мошин) бар-

номаи қаблан интихоб карда шударо барои тағйир додан им-

коният намедиҳад.

1.4.3 Пас аз интихоби барнома нишондиҳандаҳои ҷомашӯиро

тағйир додан ва интихоб кардани вазифаҳои иловагӣ мутобиқи

1.5 — 1.7 мумкин аст.

1.5 ИНТИХОБИ ҲАРОРАТ

1.5.1 Тугмаи мутобиқи расми 3 пахш карда, ҳарорати

ҷомашӯии дар барнома пешбинӣ шударо тағйир додан мум-

кин аст. Ҳангоми пахш кардани тугма бо навбат индикаторҳои

нишондиҳандаҳои рақамӣ доштаи ҳарорат аз ҳадди аксар то 20

0

С

равшан мешаванд ва сипас такор мегарданд. Нишондиҳандаҳои

интихоби ҳарорати ҷомашӯӣ дар мошин — 20

0

С, 30

0

С, 40

0

С,

60

0

С, 90

0

С аст.

1.6 ИНТИХОБИ СУРАТИ ФИШУРДАН

1.6.1 Тугмаи

-ро мутобиқи расми 3 пахш карда, суръати

фишурданро кам кардан мумкин аст, ки дар барномаи ҷомашӯӣ

пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми пахш кардани тугма бо навбат

индикаторҳои нишондиҳандаҳои рақамӣ доштаи суръати фи-

шурдан, аз ҳадди аксар

(фишурдан фаъол аст), сипас такрор

шуда, равшан мешаванд.

Нишондиҳандаҳои интихобшавандаи суръати фишурдан

аз ҳадди аксар (вобаста ба навъи мошин) то ҳадди ақал

(фи-

шурдан фаъол аст) мебошанд.

ДИҚҚАТ! Суръати фишурдан дар байни амалиётҳои

асосии ҷомашӯӣ ба тартиб оварда намешавад ва ба барно-

маи интихобшуда вобастагӣ дорад.

1.7 ИНТИХОБИ ВАЗИФАИ ИЛОВАГӢ

1.7.1 Барои интихоби вазифаи иловагӣ тугмаи ба он

мутобиқро бояд пахш кард – мутобиқи расми 3 индикатор

равшан мегардад. Дар вақти дубора пахш кардан индикатори

равшанӣ хомӯш мегардад, вазифа қатъ мешавад.

Интихоби вазифаҳои иловагӣ танҳо то оғози ҷомашӯӣ ба

амал бароварда мешавад. Ҳангоми пахш кардани тугмаҳо дар

вақти кор кардани мошин се карра ишораи садоӣ шунида ме-

шавад – вазифаи иловагӣ фаъол намегардад.

ДИҚҚАТ! Агар вазифаи интихобшуда бо барномаи ин-

тихобшуда мутобиқ набошад, ишраи садоӣ баланд мешавад,

индикатор равшан намегардад ва вазифа фаъол намешавад.

1.8 ФАЪОЛ КАРДАНИ БАРНОМА ВА ОҒОЗИ ҶОМАШӮӢ

1.8.1 Барои ба кор даровардани мошин аз рӯи барномаи ин-

тихобшудаи ҷомашӯӣ бояд тугмаи

— пахш кард, ишораи

индикатори тугма равшан мешавад, ишораи садоӣ баланд ме-

гардад, таҷҳизоти блоконии дарича фаъол шуда ҷомашӯӣ сар

мешавад. Дар вақти ҷомашӯӣ ҳамчунин индикатори амалиёти

иҷрошавандаи ҷомашӯӣ, индикатори ҳарорат, суръати фишур-

дан ва вазифаҳои иловагӣ (агар онҳо интихоб шуда бошанд) рав-

шан мешаванд.

1.8.2 Оҳор кардани либоси таг баъд аз ҷомашӯӣ тав-

сия мешавад. Барои оҳор кардан мутобиқи дастуруламали

истеҳсолкунанда воситаи махсусро аз ҳисоби он, ки ба мошин

тақрибан 15 л об рехта мешавад, дар об маҳлул кард. Воситаи

моеъ будаи барои оҳор кардан истифода шавандаро ба лото-

ки мошин мутобиқи дастуруламали оиди истифода бояд рехт

(қисми 6). Дастакро ба барномаи “Чайқондан” гузошта суръа-

ти фишурданро интихоб кард, дар ҳолати зарурӣ тугмаи

-ро

пахш карда барномаро фаъол кард.

ДИҚҚАТ! Либоси таг барои оҳор кардан набояд бо кон-

дитсионер кор карда шавад.

1.9 ТАВАҚҚУФ ДАР КОРИ МОШИН

1.9.1 Дар ҳолати зарурӣ барои қатъ кардани кори мошин бе

қатъ кардани барнома тугмаи пахш шудаи

-ро 3 сония нигоҳ

дошт, ишораи садоӣ баланд мешавад, тугмаи индикатори

чашмакӣ мезанад, ҷомашӯӣ қатӣ мегардад. Тақрибан баъд аз

2 дақиқаи хомӯш кардани таҷҳизоти блоконии дарича онро воз

кардан мумкин аст.

Барои давом додани ҷомашӯӣ тугмаи

-ро пахш кардан

лозим. Мошин иҷрои барномаро аз оғози амалиёти ҷомашӯии

қатъ шуда давом медиҳад, вақт то охири ҷомашӯӣ метавонад

зиёд шавад.

Дар баъзе барномаҳо қатъ кардани кори мошин имконно-

пазир аст, чунки ҷомашӯӣ бо миқдори зиёди об пешбинӣ шуда-

аст. Агар дар вақти иҷрои ҷомашӯӣ даричаро кушодан лозим бо-

шад, дар ин суръат барномаро қатъ бояд кард (нигоҳ кунед 1.10).

ДИҚҚАТ! Даричаро воз накунед, агар миқдори оби дар

барабан бударо ба таври босира аз оинаи дарича муайян

кардан мумкин бошад.

1.10 ҚАТЪ КАРДАНИ БАРНОМА

1.10.1 Барои қатъ кардани барномаи иҷро шуда истода да-

стакро ба ишораи гузошт-мошин хомӯш мешавад ва барно-

маи иҷрошаванда қатъ мегардад. Дар ҳолати зарурӣ барои ку-

шодани дарича ва рехтани об барномаи “Рехтан”-ро интихоб ва

фаъол кардан лозим аст.

1.11 ХОМӮШ КАРДАНИ МОШИН

1.11.1 Пас аз ба охир расидани амалиёти ниҳоии ҷомашӯӣ

тақрибан баъд аз 2 дақиқа таҷҳизоти блоконии дарича хомӯш

мешавад, ишораи садоӣ баланд мегардад. Индикатори туг-

маи

хомӯш шуда, индикаторҳои амалиёти ҷомашӯӣ рав-

шан мегарданд.

Агар мошин аз шабакаи электрик ҷудо нашуда бошад, дар

ин ҳолат ишораи садоӣ боз 5 маротиба дор фосилаи 1 дақиқа

шунида мешавад.

1.11.2 Баъд аз тамом шудани ҷомашӯӣ мошинро хомӯш

кардан лозим аст, барои ин дастакро ба ишораи бояд гу-

зошт, сими душохаи тағзияро аз васлак берун кард ва крани

обдиҳандаро маҳкам кард. Даричаро кушода либоси тагро бе-

рун кард.

Advertising
Эта инструкция подходит к следующим моделям: